There are no translations available. Идомаи конференция дар донишгоҳ Рӯзҳои 16-ум ва 17- уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз ёфта, дар 8- бахш, ки кори худро идома дод. Дар бахшҳо кори конференсия тибқи барномаи таҳиягардида гузаронида шуда, маърӯзаҳои илмӣ дар самтҳои илмҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, география, технология, соҳибкорӣ, иқтисодиёт ва таърих шунида шуданд. Конференсия дар бахшҳои физика, математика ва химия бештар фаъол ба чашм мерасид, зеро дар ин бахшҳо масоили муҳими илми муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Маърӯзаҳо дар бахшҳои биология ва география муҳокимагардида, масъалаҳои рушди деҳот ва рушди сайёҳиро дар бар мегирифтанд, ки дар онҳо пешниҳодҳои арзандаи соҳаҳои мувофиқ баррасӣ гардиданд. Масоили ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун омили муҳимтарини рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи бахшҳои таърих ва география мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамин тавр, конференсия дар бахшҳои номбурда, бо иштироки фаъоли профессорон, устодон ва донишҷӯён дар самтҳои гуногуни илми муосир гузаронида шуд. Конференсия дар бахшҳои дигар идома дорад. Раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|