Идомаи конференция дар донишгоҳ
Дар бахшҳо кори конференсия тибқи барномаи таҳиягардида гузаронида шуда, маърӯзаҳои илмӣ дар самтҳои илмҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, география, технология, соҳибкорӣ, иқтисодиёт ва таърих шунида шуданд. Конференсия дар бахшҳои физика, математика ва химия бештар фаъол ба чашм мерасид, зеро дар ин бахшҳо масоили муҳими илми муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Маърӯзаҳо дар бахшҳои биология ва география муҳокимагардида, масъалаҳои рушди деҳот ва рушди сайёҳиро дар бар мегирифтанд, ки дар онҳо пешниҳодҳои арзандаи соҳаҳои мувофиқ баррасӣ гардиданд. Масоили ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун омили муҳимтарини рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи бахшҳои таърих ва география мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамин тавр, конференсия дар бахшҳои номбурда, бо иштироки фаъоли профессорон, устодон ва донишҷӯён дар самтҳои гуногуни илми муосир гузаронида шуд. Конференсия дар бахшҳои дигар идома дорад. Раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|