There are no translations available.
МАҚОМИ ДОНИШГОҲ ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО
Дар олимпиадаи мазкур дастаи донишгоҳи мо дар ҳайати 13 нафар донишҷӯ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ сабқат намуда 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд: 1. Шарипов Фарҳод Каримович – донишҷӯи курси 5-уми факултети таърих, аз рӯи ихтисоси таърихи халқи тоҷик – ҷои 1-ум;
2. Аюбов Абдусамӣ Абдусамадович – донишҷӯи курси 3-юми факултети химия, аз рӯи ихтисоси химия – ҷои 1 - ум;
3. Ашуров Шаҳбоз Нуруллоевич – донишҷӯи курси 2–юми факултети география, аз рӯи ихтисоси географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демография – ҷои 2 - юм;
4. Темурзода Комила – донишҷӯи курси 3-юми факултети забони англисӣ, аз рӯи ихтисоси забони англисӣ – ҷои 2-юм;
5. Шарипов Содиқҷон Пирмаҳмадович - донишҷӯи курси 4-уми факултети биология, аз рӯи ихтисоси биология-экология ҷои 3-юм. Боиси фараҳмандӣ ва ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ин сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷойи 2-юмро сазовор гардида, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва як тахтаи электронӣ барои донишгоҳ туҳфа гардид. Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|