There are no translations available.
Бахшида ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Тибқи барнома конференсияро ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, гузаронидани чунин конференсияро бобати рушду пойдории фарҳанги миллӣ зарур шумориданд. Минбаъд мудири кафедраи “Технология, нақшакашӣ ва дизайн” дотсент Мухторова Г. дар мавзӯи “Фарҳанги мардум ва омилҳои муоссири он”, муаллими калони кафедраи “Таърихи халқи тоҷик” Маҳмудов Д. бо маърӯзаи худ “Асрори коинот дар чакани тоҷикӣ” баромад намуданд. Кафедраи “Технология, нақшакашӣ ва дизайн” дар гузаронидани конференсияи мазкур саҳмгузор буда, маводи ба кори конференсия ва бахшҳои он рабтдоштаро қабл аз баргузорӣ нашр намуда, ба иштирокчиён бобати шинсоӣ бо мавод пешниҳод намуданд.
Факултети технологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|