There are no translations available.
Либоси миллӣ ифтихори ман
Дар замони ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ба хусус тарзи ба бар намудани либосҳои миллии тоҷикӣ аҳамият ва таваҷҷӯҳи хоссаро тақозо мекунад. Набояд фаромуш кард, ки мо тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тарзи пӯшидани сару либоси худро дорем, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ пурра ба инобат гирифта шудааст ва ба фарҳанги бегона ҳеҷ ниёз надорем. Чи тавре ки дар дастурҳо оид ба тарзи либоспӯшӣ борҳо қайд гардидааст, тарзи либоспӯшӣ ҷузъи фарҳанги халқ ба шумор рафта, риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиду ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд. Ин дастурҳо дар тарбияи зебоипарастӣ ва иртифои маданияти либоспӯшӣ миёни духтарону занон таъсири мусбат мерасонад.
Шуъбаи тарбия, бахши кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ |