There are no translations available.
ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ
Самараи ин ҳама оромиҳо албатта, аз сиёсати сулҳпарваронаи сарвари кишвар шаҳодат медиҳад. Ва ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки кӯчактарин саҳми худро барои пойдорӣ ва пешрафти кишвар гузорад. Маҳз бо ҳамин мақсад имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷиктон ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии мазкурро оғоз намуда, дар бораи падидаи номатлуби террористӣ суханронӣ намуд ва риштаи суханро ба полковник Абдусаттор Фаттоҳзода дод. Абдусаттор Фаттоҳзода дар мавзӯи «Ҷалби ҷавонон ба ватандӯстӣ ва нагаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб» суханронии пурмуҳтаво намуда, таъкид намуд, ки: «Ҷавонон бояд аз омӯзиш канора нагиранд, пайваста омӯзанд, зеро ҷавонони огоҳу хирадманд ба ҳаргуна амалҳои номатлуб даст намезананд». Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|