There are no translations available.
ШОҲМОТ – ВАРЗИШИ ЗЕҲН (Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»)
Касе кам ба дониш барад ранҷ беш, Мусобиқаи чунин бозии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Дар кушодашавии мусобиқи мазкур ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, перомуни мақсад ва фоидаи бозии шоҳмотро ба самъи устодон ва донишҷӯён расонид. Зимни суханронӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зикр намуданд, ки: «Ҳадаф аз баргузории мусобиқи мазкур пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Ва пеш аз ҳама мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҳамаи донишҷӯён ва тарғиби шоҳмот байни тамоми қишри ҷомеа мебошад». Мусобиқаи мазкур, ки барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» давраи аввали он баргузор гардид, дар он донишҷӯёни хориҷ аз кишвар низ иштирок намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|