There are no translations available.
НАМОИШГОҲИ КИТОБИ НАШРИЁТИ «АДИБ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Имрӯз 22.06.2019 давраи ҷамбастии «Намоишгоҳи китоб» дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» бо як идда ноширону адибон, аз ҷумла директори нашриёти «Адиб» Давлат Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, адибони шинохта Ӯрун Кӯҳзод, Ато Ҳамдам ва дигарон иштирок намуданд. Мулоқоти сершумори дӯстдорони каломи бадеъ дар боғи мазкур бо муаллифон шаҳомати дигарро ба худ зам намуд. Дар анҷоми мулоқот фурӯши китобҳои тозанашри нашриёт ба ташнагони назму наср хушҳолӣ бахшид. Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ |