ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲИ МО
Боиси ифтихор аст, ки дар фазои орому осудаи кишвари маҳбубамон ҳамасола аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони арзандаву шоиста мукофотҳо баҳри қадрдонӣ тақдим мегарданд. Барои аҳли омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давалатиии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 29.08.2019 рӯзи фаромушнашаванда буд. Зеро дар ин рӯз ноиби ректори донишгоҳи мазкур Мусоҷонова Ҷамила Мансуровна ба ҷоизаи давалатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон қадрдонӣ гардиданд. Муаллимаи азиз ва муҳаққиқи арзандаро барои дарёфти ин ҷоиза самимона табрик мекунем. Бигзор ба қуллаҳои баланди илмӣ дастёб гарданд.
|