There are no translations available.
Намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе»
Маҳз ба хотири пешрафти ҷомеаи солим ва ба китоб рӯйовардани аҳолӣ санаи 4-уми сентябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки дар он иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз ҳама факултаҳо фиристода шуданд. Дар ин намоишгоҳ тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, нашриётҳои давлатию шахсӣ китобҳои тозанашри хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ Донишгоҳи мо низ китобҳои тозанашри устодони донишгоҳро ба намоиш гузошт. Донишҷӯёни курси якуми факултети химия низ баъд аз дарс ба ин намоишгоҳ рафта дар назди намоишгоҳи китобҳои донишгоҳ акси хотиравӣ гирифтанд. Ҳамчунин аз ин намоишгоҳ ба худ чандин китобҳои дарсию бадеӣ харидорӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки ин намоишгоҳ аз 4-ум то 6-уми сентябр давом мекунад.
Абдулхайр Абдураҳмонов, Раиси созмони ҷавонони факултети химия |