ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Давоми се рӯз, ки дастаи фарҳагии «Черанамо»-и донишгоҳ бо сурудҳои дилошуб ҳунарнамоӣ намуданд, бори дигар собит гардид, ки дар кишвари азизамон ҳар лаҳзааш зуҳури навгониҳост, ибтикороти бештар ба вуқуъ мепайвандад, подоши некандешиву ифтихор ва иродату эътимоди халқ ба кишвар ва ҳама эъҷозҳоест, ки дар имтидоди Истиқлолият чашмгир гаштаанд. Яъне итминон бояд ҳосил намуд, ки исми ҳама созгориҳое, ки барои ободтар, шодобтар, шукуфотар ва ҷонбахштар кардани ҷуғрофиёи офтобӣ ва сабзу сапеди мо ба сомони нек расидаанд, як василаи шинохти дурусти тоҷикон аз равзанаи навкушудаи ҷаҳониён ба сӯи Тоҷикистон гашта ва ниҳоят қалбу андешаи халқро огандаи эҳсоси бовар ба фардо кардаанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
|