ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ...
Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маншаи кори худ қарор дода, барои ояндаи миллату давлат, ки “ояндаи давлат аз ҷавонон вобаста аст” ҳарчи бештар илму дониш аз худ намуда истодаанд. Тавре Сарвари давлат дар паёми табрикотии худ дар Рӯзи дониши соли равон қайд намуданд: “Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду - се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд.” Дар соли нави хониш ба ҳамаи донишҷӯён ва устодони ин боргоҳи маърифат муваффақият ва бурдбориҳои беназирро таманно дорем.
Баҳодур Каримов, мутахассиси Сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|