ЭЙ, КИ ДАСТАТ МЕРАСАД КОРЕ БИКУН…
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ дар суханронии худ зикр намуд, ки «донишҷӯёни ятим ва ниёзманд фарзандони донишгоҳанд ва аз ҳама имкониятҳо бонасибанд. Донишгоҳ аз шумо танҳо дониши хубу рафтори намунавиро мехоҳад». Дар поёни нишаст донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифтанд. Ва ваъда доданд, ки бо баҳои аъло ва сари баланд донишгоҳро хатм намуда, дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан софдилона хизмат мекунем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|