There are no translations available.
«Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»
Сармисова Зебунисо оид ба бемории сил суханронӣ карда, иброз дошт, ки бемории сил- ин бемории сироятӣ, яъне гузаранда мебошад. Ин беморӣ яке аз проблемаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад ва барангезидани беморӣ микробактерияи сил (чубчамикроби Кох, чубчамикроби сил) мебошад. Роҳҳои асосии сирояти сил ин ҳавои қатрагӣ мебошад. Манбаи асосии сироят шахс бемори сили шуш дошта мебошад, ки ҳангоми сулфа, атса ва ё туф кардани балғам хориҷ мекунад. Нишонаҳои асосии бемории сил ин баландшавии ҳарорат, сулфаи давомноки зиёда аз ду ҳафта, арақкунии шабона, хасташавӣ, бемадорӣ, камшавии вазн мебошад. Сармисова З. дар бораи ташхиси бемории сил гуфта гузашта, тарзи ҳимоя аз ин вируси сироятро ба ҳозирин фаҳмонд. Пеш аз ҳама:
гузаронидан лозим аст. Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор саривақт ба табиб муроҷиат кунад ва барвақттар ба табобат шурӯъ кунад. Мутахасси Маркази саломатии муассисаи №8-Латифзода Фарзона. баромад карда, ба донишҷӯён оиди касалии сироятӣ Гепотити Б ва С маълумоти мушаххас дода қайд намуд, ки азбаски ин беморӣ сироятӣ аст ва метавонад ба ҳар одами солим гузарад, ки оқибат ин касал ба саратони ҷигар бурда мерасонад. Ин вирус ба воситаи дандонканӣ ё табобати дандонҳо, қоидаҳои риоя накардани гигиенаи шахсӣ, истифода бурдани молҳои якдигар метавонад ба шахси солим сироят ёбад. Ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ҳадди ақал дар як сол як маротиба бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологии тиббӣ гузарад. Иброҳимзода Амир-мудири кор бо ҷавонони ноҳияи И. Сомонӣ, дар баромади худ дар бораи ВНМО сабабҳои гирифтор шудан, роҳҳои пешгирӣ ва тарзи табобати он баҳри пешгирӣ намудани донишҷӯён аз амалҳои зишт ба монанди шомил шудан ба гурӯҳу равияҳои гуногуни террористиву экстремистӣ нуктаҳои муҳимро қайд кард, ӯ қайд намуд, ки амният ва суботи миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими давлату давлатдории ҳар як кишвари мустақил мебошад. Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва табибон бо пешниҳоди саволу ҷавобҳо сӯҳбати озоду самимӣ барпо гардид.
Мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Г.
|