There are no translations available.
РӮЗИ ФАЛАК "Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд." (Эмомалӣ Раҳмон)
Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи Фалак” баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, устодони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд. Барои болидарӯҳии онҳо шеъру сурудҳои фалакӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳо суруда шуд, ки ба ҳозирин писанд омад. Мутахассиси сомонаи донишгоҳ Каримов Б.
|