There are no translations available.
ШИРКАТ ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБӢ
Дар аввал гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Н.“Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар нуҳ моҳи соли 2019”, тасдиқи қарорҳои маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оиди қабул ба сафи ҳизб, даъвати Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ карда шуд. Инчунин Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна - Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффурзода Абдухалил Давлаталӣ-Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода-Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ баромад намуда, пешниҳодҳои муфиду саривақтиро барои тақвият бахшидани корҳо зикр намуданд. Сомонаи донишгоҳ
|