There are no translations available.
ХАТАРҲОИ МУОСИРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (21.10. 2019) дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси факултети таърих семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Хатарҳои муосири экстремизм ва терроризми байналмилалӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону меҳмонон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Семинари мазкурро ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир Каримович ифтитоҳ намуда, доир ба тероризм ва экстремизм суханронӣ намуданд. Мавсуф дар ҷараёни баромади худ донишҷӯёнро бар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм даъват намуда, дурӣ ҷусатан аз ин ду падидаи хатарзои ҷомеаро таъкид намуданд. Сипас, д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалии Бозор дар мавзӯи “Терроризм ва экстримизм: заминаҳои пайдоиш ва роҳҳои муқовимат бо онҳо” маъруза намуданд. Дар семинари мазкур ҳамчунин омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Д. дар мавзӯи “Терроризм ва ифротгароии динӣ” ва донишҷӯи курси 5-ум Бадриддинов Ф. дар мавзӯи “Таҳдидҳои экстремизм ва терроризм ба амнияти миллии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Дар охири семинар муҳокимарониҳо дар атрофи мавзӯъ сурат гирифта, донишҷӯён низ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Сомонаи донишгоҳ
|