• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ

ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

33.JPG - 78.67 KbИмрӯз 25.10.2019 дар бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Насимҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”- Ғаффорӣ Нӯъмонҷон, ва омӯзгорону донишҷӯёни аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Пеш аз оғози маҷлис Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Расулзода Насимҷон ва аъзоёни ҳизбро хайрамақдам гуфт.

Мавсуф дар оғоз, аз корнамоиҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд намуда, дар бораи хизматҳои содиқонаи ин фарзанди фарзона барои халқу миллат сухан намуданд. Эшон дар бораи фаъолияти ташкилот дар нуҳ моҳаи аввали соли 2019 маълумот дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар донишгоҳ зиёда аз ҳазор нафар аъзои ҳизб буда, 230 нафари онҳоро устодон ва боқимондаро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Насимҷон баъд аз шунидани ҳисобот, дар бораи фаъолияти ҳизб ва ташкилёбии ҳизб аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуданд.

Баъд аз суханронӣ, ба тариқи шаффоф  номзадҳоро  барои ширкат дар конфренсияи XXVIV – уми ҳисоботӣ-интихоботӣ Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб намуданд. Дар охири маҷлис ибрози андешаҳои ҳизбиён ва муроҷиатҳои онҳо шунида шуд.

Сомонаи донишгоҳ

26.JPG - 75.14 Kb 27.JPG - 87.99 Kb 28.JPG - 85.72 Kb 29.JPG - 76.51 Kb

30.JPG - 70.94 Kb 32.JPG - 71.51 Kb 33.JPG - 78.67 Kb 35.JPG - 96.13 Kb 36.JPG - 87.78 Kb 37.JPG - 70.67 Kb 38.JPG - 74.97 Kb 31.JPG - 68.79 Kb 40.JPG - 95.50 Kb 41.JPG - 75.56 Kb 42.JPG - 88.08 Kb 43.JPG - 84.39 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj