There are no translations available.
ВОХӮРИИ ШИРКАТИ ТСЕЛ БО ДОНИШҶӮЁН
Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусонҷонзода Ҷ.М. меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, онҳоро ба донишҷӯён шинос намуданд ва риштаи суханро ба намояндаи ширкат Шараф Маҳмудов - директори самти тиҷоратии ширкати Тселл доданд. Шараф Маҳмудов дар бораи фаъолияти ширкат ва тарзи ба кор қабулкунии шаҳрвандон сухан намуданд. Сипас, Хоҷаев Хилватшо дар баромади худ дар бораи муаррифинома (презентатсия)-ҳои мухталиф барои донишҷӯён, тартиб додани ҳуҷҷати лозима, ҳолнома (CV) равшанӣ андохтанд. Дар охир аз тарафи ширкат, ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Н. У. ва як қатор кормандону донишҷӯёнро бо СИПОСНОМА, симкортҳои ширкати Тселл ва либосҳои муррификунандаи Тселл қадрдонӣ намуданд. Шуъбаи тарбия
|