Забон донӣ - ҷаҳон донӣ (олимпиада)
Дар олимпиади мазкур 35 нафар аз донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд, ки аз ин шумора 10 нафарашон ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Мақсад аз гузаронидани олимпадаи мазкур байни донишҷӯён ин барои сайқал додани базаи луғавӣ ва истифодаи он дар нутқ, фаъол гардонидани малакаҳои грамматикӣ ва фонетикӣ, мукаммал намудани маҳорати донишҷӯён дар ҳама гуна фаъолиятҳои нутқӣ, дар доираи шунавоӣ, гуфтор, хониш ва хат, ташаккули зеҳнӣ, маданияти шахсии донишҷӯ дар раванди таълими луғавии забони англисӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии филологӣ ва маҳорати эҷодии донишҷӯ мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳар як донишҷӯ барои сайқал додани маҳорату малакаи зеҳнӣ, зиёд гардонидани шавқу рағбат ва фаъолияти ӯ ба дарси забони англисӣ, қобилият ба эҷодиёт майл ба фан ва дӯст доштани касби ояндаи худ таъсири бағоят бузург мерасонад.
Муовини декан оид ба илм Ғуломов Наимҷон |