There are no translations available.
Конститутсия бахтномаи миллат
Дар оғоз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Чорабинии мазкурро мудири кафедраи забони англисӣ Утаев Маъмурҷон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Суруд дар васфи Тоҷикистон дар иҷрои донишҷӯи ҳамин факултет Одиназода Комрон аз ҷониби иштирокдорон хуб пазироӣ гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки дар он саволҳо доир ба мавзӯҳои Конститутсия ва Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буд. Ҳамин тариқ дар идома саҳначаи ҳаҷвӣ-тарбиявӣ гузаронида шуд, ки диққати ҳозиринро ба худ ҷалб кард. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова суханронӣ намуда, ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд.
Омӯзгори кафедра Мустафо Назриев
|