Омӯзиши забони тоҷикӣ вусъат меёбад
Дар заминаи ҳамкориҳо ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Осиёи марказшиносии Донишгоҳи ба номи Ҳумболти шаҳри Берлин ва Хадамоти мубодилаи академии Олмон дар Тоҷикистон 15 нафар донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгори донишгоҳҳои Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба маърифатгоҳи мо ташриф оварданд. Тибқи нақша муддати таҳсили ин гуруҳ аз 15-уми сентябр то 4-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ |