Роҳнамои миллат (мизи мудаввар)
Сараввал мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума Каримов Шуҳрат суханронӣ намуда, ба мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшиданд. Инчунин саромӯзгори кафедра Ҳафизова Барно дар мавзӯъи «Ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯза намуд. Баъд аз баромади омӯзгори кафедра донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла Давлатмамадова Замира, Эсоева Ганҷина, Муқумова Махфиратхон, Абдуллоева Таманно, Саидов Умед, Тошболтаева Муҳайё ва Назаралиева Нилуфар бо маърӯзаҳои «Асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон», «Пешвои мо - ифтихори мо» ва шеъру таронаҳо дар васфи «Ватан» қироат карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи яке аз омӯзгори кафедраи мазкур Хушматов Намозалӣ наворҳо ва презентатсияҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума |