There are no translations available.
Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ «Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими фанҳои тахассусии синфҳоиибтидоӣ»
Гуфтан ба маврид, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, он дар натиҷаи азхудкардани дониш, маҳорат ва малакаҳо ташаккул меёбад. Дар асоси ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, моҳирона ва боэътимодона иҷро карда метавонад. Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулбоқӣ Нуров - «Баъзе андешаҳо оиди муносибати босалоҳият ба таълим бароио мӯзгорони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва маърӯзаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Тағоймурод Раҷабов «Ташаккули салоҳиятҳои муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ мавриди таълими фанҳои тахассусӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ» шунида шуд. Конференсия дар 4 бахш идома ёфта, маводи конференсия дар ҳаҷми 432 саҳифа ба нашр расид, ки аз 102 маърӯза иборат аст.
|