There are no translations available.
"АРТИШИ МИЛЛӢ РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҚАҲРАМОНӢ"
Дар робита ба ин мавзӯъ ҳамзамон донишҷӯён бо шеърҳо ва маърӯзаҳои худ баромад намуда, қайд кардан ки аз таъсиси Артиши миллии 27- сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи хонаи обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Ҳамзамон ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Фарзона Раҳмонова зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки тайи 27 - соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтанд ва барои ҳифзи боътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул меёбанд. Эй Ватан номи ту дунёи ман аст, Қуллаҳоят сари болои ман аст. Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону танам, Намкат заҳр шавад дар даҳанам. Дар фарҷоми нишаст мудири кафедраи забонҳои шарқ муҳтарам Бекчаев Ёлбарс бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадро бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор 27- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона муборакбод намуданд. Ассистенти кафедра Фарзона Раҳмонова
|