There are no translations available. Омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд
азизамон ҳиссагузор мешаванд. Тарве И.Аминов баён дошт, эҳтиром ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳаргиз коста намегардад ва муаллим ҳамеша маслиҳатгару роҳнамои ҷомеа боқӣ хоҳад монд.
Дар идома раиси Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон М.Бӯриев аз фаъолияти сангин ва пурсамари омӯзгорони донишгоҳ сухан гуфта, мужда расонд, ки ба муносибати Рӯзи омӯзгор 4 нафар муаллими мо бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд. Сипас, дар фазои тантанавӣ ва зери кафкӯбиҳо мукофотҳо ба соҳибонашон супурда шуданд. |