There are no translations available.
НИСБАТ БА САЛОМАТӢ БЕПАРВО НАБОШЕМ!
Ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ вобаста ба тартиб ва риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус санаи 6-юми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимон доир гардид. Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар доираи талаботи нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ дар самти қавӣ намудани чораҳои зидиэпидемӣ (карантин) дар давраҳои чораҷӯиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалии сироятии коронавируси СOVID-2019 ва барҳам додани манбаи онҳо дар миёни донишҷӯёни донишгоҳ корҳои таблиғотӣ барои риояи ҳолатҳои санитарӣ чораҳои амалӣ андешида шавад. Инчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки бурдани корҳои таблиғотиву таъкидӣ аз қабили тозагӣ, шӯстани дастҳо бо собун ва бо худ гирифтани маводҳои зиддисироятӣ (моеи спиртӣ) барои пок кардани дастон ва гирифтани ниқоби зиддивирусӣ дар миёни донишҷӯён ба роҳ монда шуда, ҷиҳати безараргардонии роҳраву синфхонаҳо, ташнобҳо, шӯстани хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ бо истифода аз маводҳои зиддисироятии хлор чораҳои амалӣ андешида шавад. Бояд зикр намуд, ки ҳамарӯза дар давраҳои чораҷӯиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалии сироятии коронавирус дар назди даромадгоҳҳои бинои асосӣ ва факултаҳои донишгоҳ аз ҳисоби омӯзгорон навбатдорӣ ташкил карда шудааст.
|