Мулоқоти судманди кормандони милитсия бо донишҷӯён
Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Эмомалӣ Гулов дар мавзӯи «Пешгирии хариду фурӯши маводҳои мухаддир байни донишҷӯён» баромад намуда, дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан, дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва чораҳои андешидашудаи кормандони милитсия дар ин самт мухтасар маълумот дод.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ ва пешрафту тараққиёти кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад. Вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Искандар Аминов баромад намуда, дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва чораҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ суханронӣ намуд. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо донишҷӯён вохӯриҳо мегузаронанд, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯён мебошад. |