Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Сипас, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо ҳайати ҳамроҳикунанда ба Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ ташриф оварда, дар зери нимпайкараи дигари устод Садриддин Айнӣ низ, боз як гулчанбари дигар гузошт. Ректори донишгоҳ дар чорабинии пешбинишуда иштирок ва суханронӣ намуда, аз умдатарин хизматҳои пурарзиши ин Қаҳрамони миллати тоҷик андешаронӣ намуд. Чорабиниро суханронии устодони болозикр ва қироати шеъру порчаҳои мансур аз осори устод Садриддин Айнӣ шукӯҳи тоза бахшид. Бояд зикр кард, ки дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик порчае аз ҳаёти устод Садриддин Айниро дар саҳна бо фарогирии сарулибос ва симои онвақтаи ӯ пешкаши аҳли нишаст сохтанд, ки ба ҳақиқати аслии ҳаёти шоир сахт шабоҳат дошт. Анҷомсухани чорабиниро Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, бо миннатдорӣ аз аҳли чорабинӣ ба анҷом расонид. Суратгузориш аз чорабинӣ дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ:
|