There are no translations available.
Конференсияи хотирмон
Бо иқдоми устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик рӯзи 21-уми апрели соли 2020 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ конференсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид. Конференсияро бо сухавни муқаддимавӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.ф. Ҳамаза Боқиев ифтитоҳ намуд.
Дотсент Ҳамза Боқиев дар мавзӯи “Мирзо Сироҷи Ҳаким – шоири тозаназар”, дотсент А. Ғаффоров дар мавзӯи “Хусусиятҳои маъноии феълҳо дар насри асрҳои XV-XVI” , муаллими калон Ҳамроев Равшан дар мавзӯи “Тафсири ғазали Камоли Хуҷандӣ” маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд. Дар ин конференсия донишҷӯёни курсҳои 5-ум низ баромад намуданд.
Аз байни маърӯзаҳои ироашуда, беҳтаринашон инҳо дониста шуданд:
- Маърӯзаи муаллими калон Ҳамроев Равшан дар мавзӯи “Тафсири ғазали Камоли Хуҷандӣ”
- Маърӯзаи донишҷӯи курси 5 Холмуродов Истаммурод дар мавзӯи “Мавқеи ғазал дар эҷодиёти Равшани Ҳамроҳ”
Конференсия ҳанӯз дар кафедраҳои дигари ин факултет идома дорад.
Суратгузориш аз рафти конференсия:
![276.JPG - 208.33 Kb](/images/stories/2020/276.JPG) ![279.JPG - 153.46 Kb](/images/stories/2020/279.JPG)
|