Баргузории конференсия илмӣ дар кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ
“Бозтоби Наврӯзи Аҷам дар сарчашмаҳои таърихӣ” унвон дошт маърӯзаи дотсенти кафедра Ризо Хокироев.Номбурда ба ин мавзӯъ аз дидгоҳи пажӯҳандагон бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ дидан намуда, иброз дошт, ки инъикос ва тарғиби фазилатҳои неки ин ҷашни ниёгон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат хоҳад кард. Номзади илмҳои филология Наврӯз Гулзода дар мавзӯи “Ифодаҳои маҷозӣ бо луғатҳои соматикӣ”, муаллими калон Саидова Ҷавмила оид ба “Мафҳуми диалектизм ва махсусиятҳои истифодаи онҳо дар осори Абдуҳамид Самад”, ассистентон Зокиров Х. роҷеъ ба “Панду андарз дар ашъори Аҳмади Суҳайлӣ” ва Ҷумъаев Ҷ. дар хусуси “Вижагиҳои бозтоби рӯйдодҳои Ховари Миёна дар осори Озарахш” маърӯза карданд. Маҷмӯан, 13 маърӯзаи устодон ва 8 маърӯзаи шогирдон ироа гардид. Тасмим гирифта шуд, ки намунаи маърӯзаҳои конференсия дар шакли маҷмӯа интишор гардад.
|