There are no translations available. Вохӯрии манфиатбор дар коллеҷ
И.Назаров зимни суханронии худ ҳадаф аз вохӯриро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» унвон кард.
Дар идомаи ҳамоиш директори коллеҷ Ш.Қурбонова зикр намуд, ки бо донишҷӯён ва волидайни онҳо мунтазам дар доираи талаботи қонуни мазкур вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Дар қисмати дуюми ҷамъомад миёни толибилмон ва намояндаи ШКД доир ба мавзӯъҳои баррасишуда саволу ҷавоб баргузор гардид. |