Гулназархонӣ дар оромгоҳи Лучоб
Садри маҳфил шоири шинохта Абдуҷаббори Суруш озмунро бо чанд зикри хайру ёддошт аз устод Гулназар ифтитоҳ намуд. Сипас узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгор ва муҳаққиқ Равшаи Ҳамро доир ба ҳаёти фаъолияти гулназар маълумот дод. Номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Ҳамза Боқиев намунаеро аз устод Гулназар бо як эҳсосу бадеияти баланд қироат намуд. Мавриди ба ёддоварист, ки дар маҳфил фарзандону пайвандон ҳамдарсони устод Гулназар Келдӣ ва дигар ҳаводорони шеъри ӯ аз ҳар гӯшаи кишвар иштирок доштанд. Донишҷӯёну хонандагон ашъори Гулназарро ба завқу ҳунари махсус қироат намуданд. Ҳамоиш хеле мутантан ва хотирмон буд.
|