There are no translations available. Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи муҳим
хат тавассути воситаҳои технологияи инноватсионии таълим дар шакли рӯнамоӣ ва баҳсу мунозира сурат гирифт. Дар семинар дар баробари 7 нафар омӯзгори донишгоҳи мо, 2 нафар аз Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин, 2 нафар аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки семинари байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории донишгоҳ бо Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иттилоотии ДААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, GIP-барномаи ҳамкории донишгоҳҳои Олмон ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни семинар сертификат дода шуд. Тамоми харҷи семинар аз ҳисоби Хадамоти иттилоотии ДААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт гардид. Х.Сайфуллоев, профессори кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он. З.Назифова, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ |