САТТОР ҚУВВАТОВ – ҚУВВАТИ ДИЛИ НОШУНАВОЁН
Чорабиниро ректори донишгоҳ номзади илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро хушомадед намуд. Роҳбарияти донишгоҳ дар рафти суханрониаш аз хизматҳои арзандаи Қувватов Саттор дар самти таълиму тарбия, омода намудани муттахасисони соҳаи сурдопедагогика хуб арзёбӣ намуда, хизмати ӯро на дар донишгоҳ балки дар миқёси Тоҷикистон ва ҷаҳон шоёни ибрат донист. Дар охир барои хизмати пуршарафона дар роҳи таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд устод Қувватов Сатторро бо ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ карда, ба модари азизи ӯ Гавҳар Муҳаббатова, ки ҳузур дошт дастагуле тӯҳфа намуда, барои тарбияи чунин фарзанди бо нангу номус ва фидоии халқу Ватан арзи сипос баён доштанд. Дар чорабинии мазкур меҳмонону дӯстон ва ҳампешагони Қавватов Саттор, аз ҷумлаи Роҳбари лоиҳаи бахши маориф дар Институти Ҷамъияти кушоди бунёди Мадад дар Тоҷикистон Н.Дастамбуев, муовини директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони сустшунаво ва деркаршудаи н.Рӯдакӣ Ш.Шодмонов, муовини директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои н. Рӯдакӣ Р.Алиев, декани факултет Обидова М., омӯзгорон профессор Б.Маҷидова, Р. Рамазонова ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷамъбаст аз тарафи як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли факултет барои болидарӯҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Зи дасташ гиря ояд ханда резад” пешкаш карда шуд.
|