Комиссияи аккредитатсионӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Дар аввал пурсишу посух ҷиҳати натиҷагириҳои самтҳои афзалиятноки рушд ва дурнамои ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Намояндагон доир ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба таълим, Консепсияи тарбияи миллӣ, мушкилоти марбут ба сатҳу сифати таълим, омоданамоии кадрҳои баландихтисоси рақобатпазири бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ (зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, доктор PGD, номзади илм ва доктори илм), талаботи низоми таҳсилоти фосилавӣ, лабораторияҳои таълимӣ, Парки технологии донишгоҳ ва боғи агробиолабораторӣ ба ҳамаи саволҳои хеш аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. Сипас, аъзои комиссияи экспертӣ бо муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдии Қосимӣ, сардори раёсати таълим Айнуллозода Наҳтулло, муовини сардори раёсати таълим Холиқов Умедҷон, сармутахассиси шуъбаи таълим Қарабоев Бахтовар ва намояндагони зерсохторҳои дигар тариқи ҳузурӣ ва онлайн сӯҳбат намуданд. Дар машварат оид ба масъалаҳои мубрами таълим аз қабили барномаҳои таълимӣ, банақшагирии дурнамои таълим барои солҳои 2020-2025, мониторинги сифати таҳсилот, ташкили кафедраҳои пойгоҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, синфхонаҳои лингафонӣ, ташкили дарсҳои онлайнӣ, истифодаи васоити техникӣ аз он ҷумла, маркази қабули имтиҳонот дар донишгоҳ ва дигар масъалаҳои ба ин монанд гуфтушунид ба миён омад. Бояд зикр кард, ки аъзои комиссияи аттестатсияи аккредитатсионӣ аз гуногуншаклии истифодаи саволномаҳои тестии донишгоҳ аз рӯи фарогирии матритсаи фанҳои таълимӣ, ташкили кабинети инфиродии донишҷӯ ва шакли холгузории ҳафтаинаи донишҷӯён, ки ҳосили рейтингҳои 1-ум ва 2-юм тариқи электронӣ бо он ҷамъбаст мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамаи ин пешравиро яке аз мувафаққиятҳои дигари ин донишгоҳ арзёбӣ намуданд. Кори комиссияи ташхисии аккредитатсияи институтсионалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ то 8 октябри соли 2020 идома меёбад.
|