There are no translations available.
Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият
Вакили Маҷлиси намояндагон зимни баромади хеш доир ба масъалаҳои таъсирпазирии забони тоҷикӣ сухан ронда аз суду зиёни раванди таъсиргирии забони тоҷикӣ аз забонҳои муқтадири олам ва барномаҳои ҳукумат дар ин самт маълумот дод. Аз ҷумлаи қайд гардид, ки зимни як таҳлил маълумамон гардид, ки дар даврони классикӣ дар мисоли осори устод Рӯдакӣ 64%-и таркиби луғавии забони тоҷикиро калимаҳои аслии тоҷикӣ ва 36%-и дигар иқтибосоти забонҳои дигар ташкил медод ва дар замони муосир дар мисоли осори устод Айнӣ 64%-и таркиби луғавии забони тоҷикиро калимаҳои иқтибосӣ - бахухсус арабӣ ва 36%-и дигарро вожаҳои аслии забони тоҷикӣ ташкил медиҳад, ки омилҳои гуногуне дар ин раванд таъсиргузор аст. Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Раҳматуллозода С.Р. дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ” маърӯзаи пурмуҳтавое карда, зимни он роҳҳалҳое барои тақвияти мақоми забони тоҷикӣ ва устувориву мондагории дар саҳнаи сиёсат, фарҳанг ва техникаву технологияро пешниҳод намуд. Мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дотсент Мирбобоев А. зимни баромад атрофи нақши забони давлатӣ дар таҳкими истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки: “Дар шароити истиқлоли миллӣ ҳар шаҳрванди кишвар бояд забони миллии худро пос дорад ва ба арзишҳои волои он арҷ гузорад. Поку беолоиш нигоҳ доштани забон, дастёбӣ ба малакаю маҳорати корбурди захираи ғании луғавию дастурии он талош барои сабки равону салиси суханварӣ имрӯз аз радифи муҳимтарин вазифаҳое ба шумор меравад, ки дар пешорӯи ҳар кадоме аз аъзои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо қарор гирифтааст”. Пас аз итмоми суханронӣ ва муҳокимаҳои илмӣ донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси забон ва дабиёти тоҷик-алифбои ниёгон дар робита ба рӯзи забон гуфторҳо ва шеърҳову оҳангҳои ҷаззоберо ба маъраз гузоштанд, ҳозирин аз он хеле хурсанд шуданд ва ба маҳорату истеъдоди донишҷӯён баҳои баланд доданд.
|