Ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Экспертон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба аъзои раёсати донишгоҳ дастуру супоришҳои муфид додаву иброз доштанд, ки минбаъд маводҳо дар сомонаи донишгоҳ бояд бо забонҳои русиву англисӣ низ ворид карда шавад, то хориҷиён низ тавонанд аз дастовардҳои илмӣ, таълимиву тарбиявии донишгоҳ баҳравар гарданд. Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода барои гузаронидани чунин як тафтиши натиҷабахши пурзаҳмат аз номи раёсати донишгоҳ ба аҳли комиссияи мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки аъзои раёсати донишгоҳ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҳамеша омода аст ва дар мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ умедворем, ки ислоҳ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, натиҷаи санҷиши комиссияи аккредитатсионии донишгоҳ аз ҷониби экспертони ватаниву хориҷӣ мусбат арзёбӣ гардида, дар фарҷом барои рушди фаъолияти минбаъдаи Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ муваффақиятҳои беназири илмиву таълимӣ таманно гардид.
|