НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ!
Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба ҳисоб меравад. КМИР натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи овозҳои гирифтаи номзадҳо чунин муайян намуд: Абдуллоев Мироҷ Санонович-номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунистии Тоҷикистон-1,17% Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон-1,49% Латифзода Рустам Барот- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон-3,03% Раҳматзода Рустам- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон-2,15% Эмомалӣ Раҳмон- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаии мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-90,92% Натиҷаи интихоботи президентиро КМИР ба инобат гирифта, Эмомалӣ Раҳмонро барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Пахши мустақим аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар ҳама факултетҳои донишгоҳ тариқи телевизион тамошо карда шуд. |