ДАР ОБОДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР САҲМГУЗОРЕМ Субҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Аз рафти шанбегӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид дидан намуда, зимни суҳбат бо ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Н.У. қайд дошт, ки ҳар як шахсе, ки дар пойтахти кишвар истиқомат мекунад, дар гулгулшукуфоии он низ саҳмгузор бошад. Бояд ба хотири зебову озода нигаҳ доштани Душанбешаҳр, ки макони баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аст, ҳамеша саъю талош варзем. Дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ректори донишгоҳ миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро ба раёсати ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободонии Душанбешаҳр расонид. Дар ин шанбегӣ, тамоми кӯчаҳои гирду атрофи донишгоҳ аз партовҳо ва хазонрезаҳо тозаву озода гардонида шуда, он тамоми кӯчаҳо ва роҳравҳои атрофи донишгоҳро дар бар мегирифт. Донишҷӯён бехи дарахтонро нарм намуда, ба гулу буттаҳо об дода, гузаргоҳҳо ва роҳравҳоро рӯбучин намуданд.
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад гулдаста гардад.
|