There are no translations available.
МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"
Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард. Сипас, донишҷӯёни курси 4 уми гурӯҳҳои 402 ва 403, ихтисосҳои англисӣ-хитоӣ, ва англисӣ-кореягӣ, бо забонҳои хитоӣ, кореягӣ, англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар мавзӯъҳои «Books in our life» ва «Mass media and holidays of the Korea» бо маърӯзаҳои хеш баромад карданд. Дар идома, барои ҷолиб гузаштани маҳфил миёни омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба мавзуъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти маҳфил мудири кафедра Ёлбарс Бекчаев ва меҳмонони кореягӣ ба ҳунару маҳорати забондонии донишҷӯён баҳои баланд доданд.
|