• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

215.JPG - 236.28 KbРӯзи 4-уми ноябри соли 2020 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, раиси Шӯрои кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор, декани факултети химия Муҳаммадсалим Усмонов, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Чорабинӣ  бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар бораи Конститутсия маърӯза намуда, шеъру таронаҳои ватандӯстона ва дилнишин дар васфи Тоҷикистон ва Пешвои миллат хонданд. Дар фарҷоми чорабинӣ  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ.М. суханрони намуда, нахуст тамоми устодон ва донишҷӯёнро аз номи раёсати ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуд. Сипас, ба ташаббускорон ва донишҷӯёни  курси 1-уми ихтисоси химия-биология, гурӯҳи «А», ки таҳти роҳбарии куратори гурӯҳ Назарзода Сино дар омода намудани чорабинӣ саҳм гузоштанд, баҳои баланд дод.

 

 

 

214.JPG - 193.01 Kb 211.JPG - 221.03 Kb 213.JPG - 185.83 Kb

212.JPG - 211.98 Kb 215.JPG - 236.28 Kb 216.JPG - 220.39 Kb

217.JPG - 221.44 Kb 218.JPG - 198.78 Kb 219.JPG - 247.55 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj