БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Дар идома, ассистентони кафедра Ҳанифаи Муҳаммадохир ва Хусрав Зокиров оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз ва нақши он дар таҳкими қокуният дар даврони истиқлол ибрози андеша карданд. Дар идома таъкид шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки ин зарурияти раванди таърих буд. Дар хотима донишҷўёни соли аввали факултетҳои технология ва иқтисодиёт дар васфи Конститутсия ва муқаддасоти миллӣ пораҳои шеърӣ қироат карда, шаҳомати ин чорабиниро афзун намуданд.
|