• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

89.JPG - 198.60 KbСанаи 13.12 2020 дар байни донишҷӯёни факултети биология даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Аз рафти баргузории олимпиада Муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов А., дидан намуда, афзуд, ки донишгоҳи мо дар омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамасола дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. Дар олимпиада 33 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз он 10 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Ба ҳамин мазмун, рӯзи 12.12.2020 дар факултети математика олимпиадаи дохили донишгоҳии донишҷӯён аз фанни математика баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет Неъматов Ғ, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон Сафарзода Э., ва Авезов Р. иштирок доштанд. Дар даври якуми олимпиада 31 нафар донишҷӯ иштирок карда, 20 нафари онҳо бо сазовор шудан ба холи гузариш ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Саволнома аз панҷ вариант ва дорои 5 супориш буда, бо низоми 50-хола ҷамъбаст гашт. Барои иҷрои машқҳо 2 соат вақт муайян шуда буд.

Олимпиада дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

 

 

84.JPG - 145.34 Kb 85.JPG - 161.98 Kb 86.JPG - 159.00 Kb 87.JPG - 164.67 Kb 88.JPG - 175.78 Kb 89.JPG - 198.60 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj