• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО

20.JPG - 162.56 KbСанаи 13.11.2020 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ баромад намуда, тамоми меҳмонон, устод ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Сипас, подполковник Муродзода Фирӯза - муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ” маърӯза намуданд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандону омӯзорон ва дастаи футболбозони донишгоҳ, ки дар мусобиқаи варзишӣ соҳиби ҷойҳои аввал гардида буданд бо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.  Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи дастаи ҳунарии “Чеҳранамо” – и шуъбаи фарҳанги донишгоҳ барномаи зебои фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаш гардид.

 

 

1.JPG - 164.64 Kb 2.JPG - 160.84 Kb 3.JPG - 116.23 Kb 4.JPG - 134.06 Kb

5.JPG - 130.39 Kb 6.JPG - 149.96 Kb 7.JPG - 151.78 Kb 8.JPG - 151.19 Kb

9.JPG - 160.12 Kb 10.JPG - 170.32 Kb 11.JPG - 178.87 Kb 12.JPG - 166.14 Kb

13.JPG - 151.36 Kb 14.JPG - 148.69 Kb 15.JPG - 155.04 Kb 16.JPG - 161.35 Kb

17.JPG - 172.06 Kb 18.JPG - 167.42 Kb 19.JPG - 164.56 Kb 20.JPG - 162.56 Kb

21.JPG - 149.53 Kb 22.JPG - 180.62 Kb 23.JPG - 148.29 Kb 24.JPG - 133.26 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj