• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

12.JPG - 145.42 KbРӯзи 14-уми ноябр бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ифтихори таҷлили фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хотирмону ҷолиби фарҳангиву ҳунарӣ доир гардид.

Сароғоз мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод роҷеъ ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуда, дар идомаи суханронӣ афзуд, ки Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми бориз доранд. Дар маърӯза нақши роҳнамунсози Президент дар  ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон бо далелҳои муътамад бозгӯ шуд.

Ассистентони кафедра Ҳанифаи Муҳаммадохир ва Хусрав Зокиров роҷеъ “Нақши Президент дар ташаккули фарҳанги миллӣ”, “Баррасии масъалаҳои мактабу маориф дар таълимоти Пешвои миллат” маърӯза карда, донишҷӯёнро барои амалӣ намудани ташаббусҳои роҳнамунсоз ва иқдомоти ҳидоятсози Сарвари давлат дар ҷодаи гиромидошти фарҳани миллӣ ва боло бурдани сифати таълиму тарбия даъват намуданд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён қироати пораҳои шеърӣ дар васфи Президент, Ватан, модар ва Тоҷикистон тӯҳфаи беҳтарин ба ифтихори таҷлили фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Ҳамоиши мазкур бобати дарки ҳамбастагии ҷомеа бо Президент, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва бедор намудани эҳсоси худшиносиву худогоҳии устодону донишҷӯён  ёрмандӣ мекунад.

 

 

 

10.JPG - 143.95 Kb 11.JPG - 161.05 Kb 12.JPG - 145.42 Kb 13.JPG - 157.40 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj