• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ СУЛҲОВАРИ ТОҶИК

15.JPG - 198.80 KbИмрӯз шанбе, 14.11.2020  дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони "Президенти мо-ифтихори мо" баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Сипас, донишҷӯён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ маърӯза намуданд. Дар идомаи барномаи фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯён суруду таронаҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва Тоҷикистон  пешкаши иштирокчиён  гардид. Ҳамчунин, барои хотирмон пешвоз гирифтани Рӯзи Президент дар даромадгоҳи факултет "Гӯшаи Президент" ташкил карда шудаст.

Дар фарҷоми чорабини декани факултет дотсент Усмонов Муҳаммадсалим баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро бо фарорасии ин рӯзи таърихӣ табрик сохт, ва ба чорабинӣ баҳои баланд дод.

 

 

 

 

14.JPG - 208.17 Kb 15.JPG - 198.80 Kb 16.JPG - 183.29 Kb

17.JPG - 235.60 Kb 18.JPG - 194.71 Kb 19.JPG - 206.52 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj