• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РӮНАМОИ БОЗ ЯК КИТОБИ НАВ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

21.JPG - 160.75 KbСанаи 14 –уми ноябри соли ҷорӣ дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯён, рӯнамои китоби нави муҳаққиқ, адабиётшинос, д.и.ф., профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт Исрофилниё Шарифмурод Раҳимзода таҳти номи “Намунаҳои адабиёти суғдӣ”, ки ба истиқболи 5500 – солагии Саразми бостон рӯи чоп омадааст, баргузор шуд. Исрофилниё Ш., афзуд, ки “Намунаи адабиёти суғдӣ” нахустин маҷмӯаи мукаммали осори бозмондаи адабиёти суғдии ниёкони мо тоҷикон аст. Ин китоб аз рӯйи беҳтарин ва муътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фароҳам омадааст, ҳамчун маводи дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси суханшиносӣ ва дӯстдорони мероси ниёкон тавсия мешавад, ки заҳмати қариб 20 солаи ӯ мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки профессор Исрофилниё Ш., аз зумраи нуктасанҷонест, ки дар таҳия ва шарҳу баёни китобҳои зиёде барои хонандагон аз қабили: Шарҳи мунтахаби “Гулистон” – и Саъдии Шерозӣ, Шарҳи бист ғазали Хоҷа Ҳофиз, Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Шарҳи “Дебоча”- и “Шоҳнома” ва достони Рустаму Суҳроби Фирдавсӣ, Шарҳи мунтахаби “Рисолаи дилкушои ”-и Убайди Зоконӣ, “Адабиёти Бостон” ва китоби тозанашри ӯ “Намунаҳои адабиёти суғдӣ” саҳми арзанда дорад, афзуд профессор Элбоев Вафо.

Дар ҷамъбаст, қайд карда шуд, ки китоби нави профессор Исрофилниё Ш., “Намунаи адабиёти суғдӣ” ба доираи васеи хонандагон ва дигар дӯстдорони мероси ниёкон тавсия мешавад.

20.JPG - 147.03 Kb 21.JPG - 160.75 Kb 22.JPG - 221.65 Kb

 

23.JPG - 211.33 Kb 24.JPG - 197.18 Kb 25.JPG - 193.54 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj