• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

16-ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сифатҳои волои Сарвари давлат ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Баъди побарҷо намудани рукнҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, бунёди иншооти муҳими мавриди ниёз, минҷумла мактабу биноҳои маъмурӣ, таккон бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти наву замонавӣ нақши меҳварӣ пайдо намуданд. Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо афроди миллатдӯсту меҳанпараст ва ватанхоҳ қарор доранд, ки ҳамарӯза дар садади пеш гирифтани иқдоми тоза ба манфиати ҷомеа мебошанд. Дар ин фароянд заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми ҷолиб доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накуву созандаи ин чеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори чеҳраи миллат дар ойинаи чеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд:

Якум, сиёсатшиносон ва коршиносони масоили иҷтимоӣ барқарории сулҳу таҳкими амниятро аз дастовардҳои муҳимтарини Эмомалӣ Раҳмон баршумурдаанд, ки ба хислатҳои сабурӣ, таҳаммулпазирӣ ва доштани иродаи қавии сиёсӣ бастагӣ дорад. Бидуни доштани хислатҳои мазкур ба чунин дастовард ноил шудан мумкин нест. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро ҳам дӯстон ва ҳам мухолифони Президент бидуни тардид қабул доранд. Дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки риштаи ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, кори саҳлу сода набуд. Ба Ватан бозгардонидани гурезагон, ба ҳаёти осоишта сафарбар намудани силоҳбадастон, таъмини манзилҳои маскунӣ ва фароҳам овардани шуғл ба ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои таърихие буданд, ки бо камоли кордонӣ ва фарҷоми нек пазируфтанд. Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткӯш раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси дунявӣ ҳамвор кард. Ин махсустияти муҳимтарини мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳсуб мегардад.

Дуввум,тавъам будани қавлу амал аз хислатҳои дигари Президент ба шумор меояд. «То гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро ҳамчун Сарвари давлат осуда эҳсос намекунам» - чунин буд қавли нахусти Президент, ки аз минбари иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон садо дод. Сарвари давлат барои амалӣ намудани ин қавл тамоми ҳастияшро ба кор дод, домони ҳиммат бар зада,  беш аз як миллин гурезаро аз Афғонистону Покистон Эрону Русия ва мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ба сарзамини аҷдодӣ бозгардонд. Таърих чунин ҷоннисории фардеро кам ба ёд дорад, ки ҳатто мухолифони ақидатиашро ба меҳан бозгардонида бошад. Бунёди нақбу роҳҳо, дар шароити буғранҷи иқтисодӣ тақсими 75 ҳазор гекктар замин ба деҳқонон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ ва идомаи сохтусози НОБ- и Роғун аз тавъам будани қавлу амали ин бузургмард далолат мекунад. Тақсими замин ба кишоварзон ва раванди босуръати созандагӣ мушобеҳи «инқилоби сафеди шоҳ ва мардум» - Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон аст, ки то кунун бо муҳаббат сари забони мардуми ин кишвар қарор дорад.

Сеюм,қолабшиканӣ ва раҳонидани мардум аз чаҳорчӯбаи суннатҳои шахшудаи ба рушди ҷомеа ва қарни ХХ1 номувофиқ нишонаи вижаи амалкарди Президент дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми тоҷикро аз анъанаҳои маросими марг, амсоли  додани «иртиш», оростани дастурхон ва додани хӯрок барои  «оши сари тахта», «моҳ», «чил» ва  «сол» раҳонид ва мардум дар шароити буҳронӣ қомати худро рост кард. Ба низом овардани маросими тӯй ва маъракаҳо, ҷорӣ намудани маҳдудият барои дигар чорабиниҳои тафреҳӣ аз сӯйи  ҷомеа ба дилгармӣ истиқбол гашта,  ин амали манфиатбор аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ҳамҷавор низ бо мамнуният пазируфта шуд.

Никоҳи хешутаборӣ, ки реша ба суннатҳои таърихӣ дорад, зарбаи шадид ба генофони миллат ба ҳисоб меомад. Бо  ҳидоятҳои раҳнамунсозу созандаи Пешвои миллат афкори қолабии ҷомеа дар ин самт билкул тағйир ёфт, собит намудани оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ имкон дод, ки ҷавонон дар бунёди оила аз ақли солим кор бигиранд. Шикастани чаҳорчӯбаи суннатӣ боис гардид, ки ваҳдати маҳаллу минтақаҳои гуногуни кишвар муқтадир гардида, афкори умумимиллӣ дар ин самт падид ояд, зеро ваҳдати ҷомеа аз оила шакл мегирад.

Дар сиёсат, идеология, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ва давлатдории навини Тоҷикистон шикастани чаҳорчӯбаи суннатиро мушоҳида намудан мумкин аст. Таҷрибаи байналмилалии сулҳи тоҷикон, ки онро СММ ба ҳайси таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт, дар заминаи синтези таҷрибаҳои таърихӣ ва муҳимтар аз ин, шикастани таҷрибаҳои суннатӣ ва дар заминаи навоварӣ рӯйи кор овардани таҷрибаи нави сулҳофаринӣ сурат гирифт. Муншии умумии вақти СММ Кофе Анан ва дигар абармардони ҷаҳони сиёсат онро чун «таҷрибаи беназир ва муваффақ дар ҷаҳони муосир» эътироф намуданд.

Ҳамбастагӣ бо мардум, хидмати содиқона ба халқу Ватан, фурӯтаниву воқиф шудан аз рӯзгори қишрҳои гуногуни ҷомеа, сила намудани сари ятимон, бекасону барҷомондагон ва бо ин мақсад пайваста сафар намудан ба гӯшаву канори кишвари маҳбуб, меҳмони деҳқонону кишоварзону аҳли ҳунар ва ашхоси ниёзманд гардидану ба ин васила ҳамдастӣ дар ҳалли мушкилоти мардум аз сифатҳои чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин чеҳраи мунавварфикр дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 хоксорона, вале самимона иброз дошт, ки “Ман ба нону намаки халқи базургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”. Дар ҳар вожаву ибори ин иқтибос як кори хайру амали солеҳ ва муҳимтар аз ин, ҷузъи мардум будану муҳаббати самимӣ варзидан бо милларо дарёфтан мумкин аст.

Ҳамасола шоҳиди сафарҳои кории Президент ба шаҳру ноҳияҳо ва дар ин росто мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти таъйиноти гуногун мегардем. Сафарҳои кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд- Панҷакент, Мастчоҳ, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, вилояти Хатлон- навоҳии Ховалингу Муъминобод ва шаҳри Кулоб, минтақаҳои Рашт ва Бадахшон аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Мардум бо эҳтироми хоса чунин сафарҳоро самимона истиқбол мекунанд. Президент дар ҳар сафар ҳатман аз ҳоли маъюбону ятимон ва ниёзмандон хабар гирифтаву дасти навозишро аз сари онҳо дареғ надошта, махзани сахо ва меҳру вафоро ҳамвора ба ин тоифа арзонӣ медорад. Зеро накӯкориву ҳимматбаландӣ ва  хайру сахо  дар вуҷуди Сарвари маҳбуби миллат чун тору пӯд сиришта аст. Ин хислатҳои хуҷаста дар як рӯзу ду рӯз, як солу ду сол тавлид намегарданд, онҳо реша бар умқи таърих, силки пуштивонаву хонавода доранд ва аз гузаштагон, авлодон ва волидон ба мерос мондаанд. Мардумнавозӣ, мардумсолорӣ ва раъиятпарварӣ далели ҳамбастагии Президент бо мардум аст, ки онро бо истилоҳи «Президенти мардумӣ» низ ифода мекунанд.

Сидқан дӯст доштани мардум, меҳан, обу хоки сарзамини аҷододӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тарғиби Ватан ва миллат дар арсаи ҷаҳон, равнақи ободонии сарзамин, афв намудану бахшида тавонистан аз сифати панҷуми симои роҳбари миллат маҳсуб мегардад. Чунончӣ, дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ борҳо маҳбусон мавриди афв қарор гирифтаанд ва дар доираи чунин аъмоли нек соле қабл 20 ҳазор маҳбус афв гардид. Инчунин чанде қабл дар доираи пронсипҳои башардӯстиву инсондӯстӣ гуноҳи 378 нафар маҳкумшуданон бахшида шуд. Ин 17- умин афв аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва афву бахшоиш дар табиати башарият бузургтарин гузашт аст.

Ба сифати шахсияти барҷастаи асри ХХ1 – и ҷаҳонӣ ва олами ислом пазируфта шудан нишонаи шашуми ин чеҳраи сиёсиву таърихӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм аст, ки ба рӯйхати 500 шахсиятҳои бунуфузи олами ислом дохил мешаванд. Қабули чаҳор пешниҳоди бузурги Президенти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон аз ҷанбаи умумибашарӣ доштани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки Президенти Тоҷикистон аз мушкилоти мамлакат ва минтақа фаротар рафта, дар андешаи ҳалли мушкилоти глобалии аҳолии сайёра аст. Таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ба масъалаи мубрами қарни ХХ1 табил меёбад  ва қаблан дарк намудани ин қазияи муҳими башариву пешниҳод намудани роҳҳои бурунрафт аз чунин ҳолат ба табиати башардӯстонаи Сарвари давлат рабт дорад.

Дар мактаби давлатдории Пешвои миллат бунёдкориву ободонӣ ҷабҳаи созандаи ҷомеа унвон гирифтааст. Дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беш аз 25 ҳазор иншоот нишон аз бунёдкории сартосарӣ ва ободонии оммави минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон мебошад. Маҳз бо чунин ибтикори созандаву фаъолияти офаранда ва хислатҳои накуву солеҳ мардум ин чеҳраро ба сифати Пешвои миллат багузид. Зеро дар ин чеҳра сифатҳои наҷиби шуълаафканӣ, умедофарӣ, бахтофаринӣ, сарҷамъкунӣ, наҷотбахшӣ, офарандагӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, ташаббускорӣ  ва эҳёгарӣ ба ҳам омада, дар маҷмӯъ аз ин хислатҳо симои муҳташами Пешвои миллат ташаккул ва таҳким ёфта устувор гардид. Аз лиҳози илмӣ ин симои таърихӣ рисолати худро чун эҳёгари таърих, фарҳанг, тамаддун ва офарандаи давлати навини тоҷикон сарбаландона иҷро намуд ва аз шахсиятҳои муҳими асри навин эътироф гардид.       

Дар баробари чунин хислатҳои ҳамида ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навини Тоҷикистонро бунёд гузоштанд ва месазад, ки онро бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон номем. Президент дар масири давлатдории худ мактаби вижаеро рӯйи кор оварданд, ки аз он садҳо мутахассисони ҷавон сабақ андӯхтаву дар ниҳодҳои гуногун ба нафъи миллату ҷамъият садоқатмандона заҳмат мекашанд. Тарбияи насли нави шоистаи Тоҷикистон самараи ҳамин мактаб аст. Мактаби давлатдории Пешвои миллат шӯълаи худшиносиро дар замири ҳаводорон ва дарси хештаншиносиро чун чароғи роҳнамо дар ҷодаи сиёсату афкори сиёсатмадорон мебарафрӯзад. Дар ин росто сабақи ҷиддӣ андӯхтан аз хислатҳои накӯи ин чеҳраи мондагори  таърихи миллат ва мактаби давлатдории Сарвари давлат инчунин нақши таърихии Пешвои миллат дар замони истиқлолият ҳам фарз ва ҳам суннат аст, зеро хислатҳои неки ин симо намои инсонҳои солеҳу солор ва мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби тарбияи одамият аст. Мактабе, ки давлати навини Тоҷикистонро бунёд гузошт ва аз ояндаи дурахшони он ба ҳамагон паёми рӯшан дода, инсониятро ба тарғиби амалҳои накуву солеҳ роҳнамун месозад, завол надорад.

 

Нуъмонҷон Ғаффорӣ,

ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ,

доктори илмҳои таърих, профессор

Саидмуроди Хоҷазод,

доктори илмҳои филология, профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj