Мизи мудаввар дар кафедраи умумидонишгоҳии «Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм»
Санаи 16.11.2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои муаззами миллат - ҳомии маорифи кишвар» бо иштироки омӯзгорони кафедра доир гардид. Нахуст, мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Ҷӯраев Хайём оғоз шуда, ӯ афзуд, ки «Нақши Пешвои муаззами миллат” аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани хеш ба зарурати таҷдиди назар ба ин соҳа пай бурда, бо камоли ояндабинӣ, фазилат, заковат ва хираду андешаи сиёсӣ ва ватандӯстӣ дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳм гузоштанд. Дар идома роҷеъ ба Рӯзи Президент аз тарафи омӯзгорони зерин Қурбонова С., Мадудова Р., Ҳакимов Ф. Каримов Э. ва сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ н.и.т Исмоилов Ё маърӯзаҳо хонда шуд.
|